<?xml version="1.0" encoding="UTF-8"?><song><key>Am</key>
<hymn_number>127</hymn_number>
<title>Худоеро таборак бихон ту, эй солик Хд127</title>
<lyrics>[V1]
.Am                            Dm
 Худоеро таборак бихон ту, эй солик,
.      E                       Am
 Ки додааст ба ту ақлу илму доноӣ.
.Am                      Dm
 Ба нотавоният огоҳ буда аз оғоз,
.       E                    Am
 Ба тан намуда туро ҷомаи тавоноӣ.

[C1]
.  Am                              Dm
   Зи осмону замину фалак баландтар аст
.  F                                   E
   Худои мо, ки мунаввар бувад ба нури ҷалол.
.  Am                         Dm
   Чу хоҳад ар бикунад коре, метавонад Ӯ,
.  E                               Am
   Расида дасти тавоноияш ба авҷи камол.

[V2]
 Дили фақири ситамдидаро ба даст овар,
 Худост дар пайи таскини дарди марди ҳақир.
 Аҷаб мадор, агар ӯро зи хок бардорад,
 Нишонадаш ба канори яке гузида амир.

[C2]
   Худои Қодири мутлақ агар ирода кунад,
   Падид оварад аз ҳеҷ зинда ҷоне чанд.
   Зи фазли қудрати Ӯ дар дами куҳансолӣ
   Зани нозой шавад соҳиби яке фарзанд.

[C3]
   Тамоми рӯзу шаб ар мадҳи номи Ӯ бикунам,
   Ҳанӯз кам буваду ҳаққи Ӯ адо нашавад.
   // Ба саҷда сар бигузорам агар тамоми умр,
   Кифоятам накунад, то ки ҷон фидо нашавад. //</lyrics>
</song>